Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Мушарраф аз эҳтимоли табаддулоти ҳарбӣ


Раҳбари пешини Покистон, Парвиз Мушарраф, ҳушдор дод, ки ба кишвараш табаддулоти ҳарбӣ таҳдид мекунад. Дар нишасте дар Лондон ва дар арафаи эълони бозгашташ ба Покистон бо ҳадафи ширкат дар интихобот, Мушарраф, ки худ дар натиҷаи як табаддулоти бехун дар соли 1999 ба қудрат расида буд, гуфт:

"Ман ҳамеша ба ин боварам, ки агар мо хостори эътидол дар Покистонем ва агар вазну повазни демократӣ ва ҳукумати фаъроли демократиро мехоҳем, бояд ҳарбиён низ дар он як навъ нақше дошта бошанд."


Покистон зери сарварии президенти номаҳбуб Осифалӣ Зардорӣ бо ситезаҷӯӣ, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва пайомадҳои обхезии бузург дастбагиребон аст.
XS
SM
MD
LG