Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли журналистон дар Русия аз нав таҳқиқ мешавад


Додситонии кулли Русия таҳқиқ парвандаҳои қатли журналистон дар ин кишварро аз сар гирифтааст. Гуфта мешавад, ин тасмим бино ба иттилои наве гирифта шуд, ки Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню Йорк ба мақомоти Русия дод. Қарор аст, парвандаҳои қатли журналистон Валерий Иванов, Алексей Сидоров, Эдуард Маркевич, Наталия Скрил ва Воқиф Кочетков аз сар гирифта хоҳад шуд. Мудири иҷроии Кумитаи дифоъ аз журналистон Ҷоел Симон аз ин тасмим истиқбол кард:

"Мо аз ин пазироӣ бениҳоят мамнунем ва ҳам хушнудем, ки эълон шуд, кумитаи таҳқиқ ҳамаи 19 парвандаро бознигарӣ хоҳад кард."

Маълум нест, чаро барои бозингарӣ танҳо парвандаҳои аз соли 2001 то 2003 интихоб шудаанд. Дар соли 2000 дар Маскав корманди Радиои Озодӣ, Искандари Хатлонӣ кушта шуд, ки то ҳанӯз бо гузашти як даҳа омилони ин қатл дар озодиянд.
XS
SM
MD
LG