Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои ҳифзи раванди сулҳи Ховари Миёна


Фиристодаи Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Митчел имрӯз барои мудаввом доштани гуфтушуниди сулҳи Ховари Миёна бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос мулоқот кард. Аббос баъд аз он ки Исроил қарори манъи шаҳракозӣ дар қаламравҳои ишғолиро тамдид накард, гуфт, ки музокирот бо Исроилро қатъ хоҳад кард. Митчел пас аз ин мулоқот гуфт, вай ҷустуҷӯи тафоҳумро идома медиҳад. Қарор аст, Митчел бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва сипас боз бо Аббос мулоқот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG