Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҳизб: "Ман миллатгаро нестам"


Қамчибек Ташиев, яке аз раҳбарони Ҳизби сиёсии «Ата Журт»

Қамчибек Ташиев, яке аз раҳбарони Ҳизби сиёсии «Ата Журт»

Қамчибек Ташиев, яке аз раҳбарони Ҳизби сиёсии «Ата Журт»-и Қирғизистон миллатгаро будани худро қотеъона инкор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, иддае аз журналистон мусоҳибааш бо яке аз хабаргузориҳоро таҳриф ва ӯро дар миллатгароӣ муттаҳам кардаанд.

Қамчибек Ташиев исрор варзидааст, ки зимни мусоҳиба бо хабаргузорӣ дар қадами аввал қирғизҳоро дар барқарории субот дар кишвараш масъул донистааст. Раҳбари Ҳизби «Ата Журт» таъкид кардааст, ки баъди ишғоли курсиҳои парлумон ҷиноҳи ин ҳизб алайҳи ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ шадидан мубориза хоҳад буд.

Нигаронии Русия аз миллатгароӣ дар Қирғизистон

Ин дар ҳолест, ки масъалаи авҷи миллатгароӣ дар расонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳатто сафорати Русия дар Бишкек бо пахши як изҳорот аз зуҳури миллатгароӣ дар миёни чеҳраҳои сиёсии Қирғизистон ибрози ташвиш кард. Аммо сафорати Русия дар изҳороти худ мушаххас зикр нанамуд, ки кадоме аз раҳбарони аҳзоби сиёсии Қирғизистон, ки дар сабқатҳои пеш азинтихоботӣ ширкат доранд, дифоъ аз миллати қирғизро ба ҳайси миллати асосии ин кишвар дар мадди аввал гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол пешвоёни бархе аз аҳзоби сиёсии Қирғизистон, ки ба ақидаи коршиносон барои ишғоли шумори асосии курсиҳои парлумон мусобиқаҳои пеш азинтихоботиро авҷ гирондаанд, яке аз пайи дигар озими Маскаву Қазоқистон шудаанд.

Мулоқоти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, бо Феликс Қулов, раҳбари Ҳизби "Ору номус"
«Номзад»-и Маскав


Коршиносони қирғиз дидору мулоқотҳои Омурбек Текебоев, Феликс Қулов, Темир Сариев, Алмосбек Атамбоев ва пешвоёни дигари аҳзоби сиёсиикишварашонро амалҳои имдодҷӯёна арзёбӣ намудаанд.

Ҷилғалбек Косопӯлодов, ин коршиноси қирғиз, мӯътақид аст, ки бо роҳандозии ин мулоқотҳо Русия мехоҳад дар умури дохилии Қирғизистон дахолат кунад. Ин коршинос мегӯяд, дидору мулоқотҳо бо мақомоти Русияву Қазоқистон иқдомест, ки бояд баъди ба сари қудрат омадани ин аҳзоб ба вуқӯъ пайванданд.

Нашрияи русии «Комерсант» навиштааст, ки Кремл аз мулоқот бо раҳбари Ҳизби «Ору номус» генерал Феликс Қулов талош дорад, ки Қирғизистон ба сохти президентӣ баргардад. Гуфта мешавад, Қулов ягона раҳбари Ҳизби сиёсии қирғиз аст, ки президенти Русия Дмитрий Медведев вайро ба ҳузур пазируфт.

Равшан Ҷиянбеков, яке аз чеҳраҳои сиёсии Қирғизистон, мегӯяд, саъйу ҳаракатҳои пешвоёни ҳизбҳои маъруфи Қирғизистонро дар робита ба роҳандозии дидору мулоқотҳо ва фармонравоии Русия дар муқобили онҳо сахт маҳкум мекунад.

«Аз бозиҳои сиёсӣ бояд парҳез кард»

Орозбек Молдоалиев, яке коршиносони масоили сиёсӣ, мегӯяд, Қирғизистон бояд аз майл ба бозиҳои сиёсӣ комилан парҳез кунад.

Ба гуфтаи оқои Молдоалиев Қирғизистон тавони тавсеаи муносибатҳои худ бо ҳамаи кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла ИМА, Русия ва Чинро надорад. Ба таъкиди Орозбек Молдоалиев, зеро сиёсати дохилии Қирғизистон барои пиёда кардани сиёсати васеи хориҷӣ менеаҳои зиёд эҷод намудааст.

Исҳоқ Масалиев, раҳбари ҳизби коммунисти Қирғизистон, бар ин ақида аст, ки талошҳои Ҳизби «Ору номус»-и Феликс Қулов дар мавриди бозгашт ба сохти идораи президентӣ метавонад тарафдорони худро дар Қирғизистон пайдо кунад. Оқои Масалиев гуфт, вале эътимод надорад, ки интихоботи парлумонии 10 октябр дар фазои амну субот баргузор мегардад. Ба гуфтаи Исҳоқ Масалиев баъди рӯйдодҳои ахири моҳи июн маълум шуд, ки сохти парлумонӣ Қирғизистонро ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG