Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э. Раҳмон ва ноиби фиристодаи вижаи СММ


Имрӯз сафари серӯзаи намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милал, раҳбари маркази дипломатияи пешгирикунанда дар умури Осиёи Марказӣ, Мирослав Енча дар Тоҷикистон аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Вай ҳамчунин бо сарони бархе аз вазорату идораҳои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошт. Сафари Енча дар ҳоле ба амал меояд, ки президент Раҳмон аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, субот дар минтақа ба вазъ дар Афғонистону Қирғизистон бастагӣ дорад ва таъсири он бояд бо дипломатия пешгирӣ шавад. Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар умури Осиёи Марказӣ дар моҳи декабри соли 2007 дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG