Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 раҳгузар дар таркиши Қандаҳор


Таркиши мошини бомбагузоришуда дар баробари корвони мошинҳои НАТО дар Қандаҳори Афғонистон се раҳгузарро кушта ва 9 нафарро захмӣ кардааст. Залмай Аюбӣ, сухангӯи ҳокимияти шаҳри Қандаҳор мегӯяд, ҳарбиёни НАТО ҳадафи ин таркиш будаанд. Аз талафоти нерӯҳои байнулмилалӣ хабар нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки дар вилояти Қандаҳор амалиёти густардаи нерӯҳои НАТО зидди ошӯбгарон оғоз ёфтааст.
XS
SM
MD
LG