Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Азимов ба халъи силоҳи мусаллаҳон дар Рашт


Дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, Амирқул Азимов, ки ба шарқи кишвар сафар дорад, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мусаллаҳон талаби халъи силоҳ кардааст. Дар арафаи сафараш ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости, гуфтааст, аз мудохилаи кишварҳои муайяни хориҷӣ дар рӯйдодҳои Рашт далели кофӣ дар даст дорад ва ҳушдор додааст, ки агар ин мудохила қатъ нашавад, далелҳоро мунташир хоҳад сохт. Вазъият дар ноҳияи Рашт пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар 19 сентябр, ки бар асари он 26 нафар ба ҳалокат расиданд, муташанниҷ шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG