Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комиссияи тендерии(довталаби) назди ҳукумати ҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи музояда дар бораи хариди таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғунро, ки дар 26-уми июли соли ҷорӣ аз сӯи ожонси давлатии хариди мол кор ва хизматрасонии ҳукумат баргузор шуда буд, лағв кардааст.


Кадом ширкат барандаи музояда аст?


Дар ин музояда ҳафт ширкати ватанӣ «Трайко», «Чашмасори Сомониён», «ТК Ориён интернештал», «Хуршеди Хоразм», «Восток АСХТТ», «Кӯҳдоман», ва як ширкати дигар, ки дар ин музоида баранда шуда буд ва ожонси хариди мол ва хизматрасонии назди ҳукумат аз ифшои номаш худдорӣ карда буд, ширкат доштанд.

Ширкати ғолиб мебоист ба маблағи тахминан 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ муҳимоти фаннӣ барои сохтмони Роғун фароҳам орад.

Тибқи гузоришҳои расида, яке аз ширкатҳо мувофиқат карда буд, ки миқдори зарурии асбобу муҳимотро бар ивази 6 миллиону 132 ҳазор сомонӣ таъмин намояд ва маҳз ҳамин ширкат пирӯз дониста шуда буд.

Комиссияи тендери назди ҳукумати Тоҷмкистон далели лағви натиҷаи ин музояда дар 26-уми июли соли ҷориро ҳаққ надоштани ожонси хариди мол кор ва хизматрасонии назди ҳукумат ба баргузоркунии тендери хариди таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун хондааст.

Бино ба қарори ҳукумат, танҳо комиссияи тендерии ҳукумат бо сарпарастии Асадулло Ғуломов-муовини аввали сарвазир ҳаққ дорад дар бораи хариди таҷҳизот барои Роғун музояда баргузор кунад.

Натиҷаи музояда лағв нашудааст

Аммо Абдусаттор Саъдуллоев, аз ожонси давлатии хариди мол кор ва хизматрасонии ҷумҳурӣ дар гуфтугӯ бо РО гуфт, ки натиҷаи ин музояда лағв нашудааст ва он ширкати баранда ҳоло ба воридоти таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Бо вуҷуди ин, ҷаноби Саъдуллоев аз ифшои номи ин ширкат истинод ба хоҳиши мақомоти ин ширкат худдорӣ кард.

Далели фаъолияти ҳамин гуна ширкатҳои маҳрамона ва муносибати ҳукумат ба ин ширкатҳоро Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдон ва таҳлилгари умури минтақа ба ташкили гурӯҳҳои олигополии наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ хонд, ки ба гуфтаи вай ин гурӯҳҳо бо истифода аз пуштибонии бархе аз мақомоти давлатӣ, бозори содироту воридотро контрол мекунанд.Ҷаноби Зоиров афзуд:

«Ин гурӯҳҳо бо ба даст овардани сармояҳои давлат аз ҳисоби будҷа доро шуда худи ҳукуматро маҷбур месозанд то қарорҳояшро ба нафъи ин гурӯҳҳо мусоид кунад ва ҳоло на давлат, балки ин гурӯҳҳо сиёсати давлатро таъин мекунанд ва давлат ба иҷрокунандаи ормонҳои ин гурӯҳҳо табдил шудааст.»

Сару садоҳо дар атрофи ин музояда, моҷарои ахир бар сари роҳи пулакии Душандбе-Чаноқро ба ёд меорад, ки давлат бо ташкили комиссия, иддаоҳои ожонси зидди инҳисории давлат дар робита ба ғайри қонуни будани фаъолияти ширкати «IRS»-ро ботил карда буд.

Ва ҳатто вазири роҳ ва коммуникатсия, ки худ мухолифи роҳи пулакӣ буду раёсати комиссиюни давлатиро ба ӯҳда дошт, аз ифшои номи муассиси ширкати мазкур, ки дар минтақаи оффшори Бритониё номнавис шудааст, худдорӣ кард.

Ва ҳоло низ ҳеҷ нафаре дар вазорати энержӣ ва саноӣ, ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун, ожонси хариди мол ва хизматрасонии давлати Тоҷикистон ҳозир нашуданд дар гуфтугӯ бо РО, номи он ширкати барандашуда дар тендерро ба забон биёранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG