Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фавти сарбози захмишуда аз дасти маҳбусони фирорӣ


Сарбози гурӯҳи вижаи вокуниши сареъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе ҳангоми боздошти як маҳбуси фирорӣ дар деҳаи Чанорони Файзобод захмӣ шуда буд, даргузашт. Сержанти 35-солаи милиса Раҳматулло Талбаков дар ҳайати нерӯҳое буд, ки паноҳгоҳи фирориёнро ба муҳосира гирифт ва ба муқовимати шадид дучор шуд. Аз таркиши норинҷаки дастӣ дар ин ҷо ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва як намояндаи Вазорати умури дохилӣ захмӣ шуданд. Дар ин даргирӣ, маҳбуси фирорӣ, шаҳрванди 25-солаи Русия ва зодаи Доғистон, Ҳусейн Сулейманов кушта шуд. Се шарики ӯ фирор карданд. Онҳо аз зумраи 25 нафареанд, ки 23-юми август аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе фирор карданд.
XS
SM
MD
LG