Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамоно фаъоланд"


Томас Сандерсон - яке аз муаллифони гузориш

Томас Сандерсон - яке аз муаллифони гузориш

Дар гузориши гурӯҳи сиёсатшиносони Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалии Вашингтон зери номи “Аз водии Фарғона то Вазиристони ҷанубӣ”, муҳаққиқони амрикоӣ мегӯянд, гурӯҳҳои ҷиҳодии Осиёи Марказӣ баъди фишору фирор аз кишварҳои худ ва суқути режими Толибон ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Гузориши гурӯҳи сиёсатшиносони Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалии Вашингтон “Аз водии Фарғона то Вазиристони ҷанубӣ” ном дошта ба арзёбии таҳдидҳои амниятӣ дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистону Покистон – Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон тамаркуз кардааст. Муҳаққиқони амрикоӣ мегӯянд, гурӯҳҳои ҷиҳодии Осиёи Марказӣ баъди фишору рондашавӣ аз кишварҳои худ ва суқути режими Толибон имрӯз ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Бархе аз онҳо ҳадафҳои Ал-Қоидаро аз они худ кардаанд. Амалиёти нирӯҳои эътилофӣ дар манотиқи қабиланишин Покистон онҳоро водор мекунад наздиктар ба марзҳои кишварҳои аслии худ бираванд, ҳарчанд бозгашти ин ҷангиён дар воқеъ ба суботи Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад, чунки онҳо аз пуштибонии мардум бархӯрдор нестанд, мегӯянд муҳаққиқон. ИМА дар ин шароит бояд аз ҳар гуна барномаҳои азиму мушкили ҷилавгирӣ аз таҳдиди ифротгароӣ ба минтақа худдорӣ карда ба Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон кӯмак кунад, ки бо гурӯҳҳои хурди ҷангиён муқобила кунанд.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки сиёсати Вашингтон оид ба Афғонистону Покистон бояд тавсеа ёфта ба он давлатҳои воқеъ дар ҳудуди водии Фарғона ҳам шомил шаванд. Роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, ки аз роҳи ҳар се кишвар убур мекунад, ба майдонҳои кишти хашхоши ҷануби Афғонистон мепайвандад ва ҳоло ҷангиён аз Покистон ба самти ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳаракат мекунанд.

Аз рӯи тахминҳои Маркази мутолеъоти стратегӣ ва байналмилалии Амрико холо дар манотиқи қабиланишни Покистон ҳудудан 1500 ҷангӣ аз Осисёи Марказӣ ба сар мебаранд.

Яке аз муллифони ин гузориш Томас Сандерсон ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Озодӣ: Оё роҷеъ ба гурӯҳҳои ҷангиёне, ки мегӯянд дар шарқи Тоҷикистон сангар гирифтаанд, чӣ иттилое дорад?

Посух: “Албатта мо дар бораи ин гурӯҳ ва назари онҳо дар бораи Тоҷикистон ё Ӯзбакистон чизе намедонем. Аммо ман мӯътақидам, онҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҷаҳодиҳо мебошанд, ки шояд аз Покистон тавассути Афғонистон омада бошанд. Ҳадафи онҳо ҳукумати Тоҷикистон буда метавонад, ки аз чанд ҷиҳат бо он розӣ нестанд: мояи норизоияти онҳо саркӯби мазҳаб ва ҳамкории Эмомалӣ Раҳмон бо ИМА дар амри кӯмак ба интиқоли борҳо ба Афғонистон буда метавонад. Бархӯрди президент Раҳмон бо аъзои пешини нирӯҳои муттаҳидаи оппозизитсиюн масъалаи мояи дигари норизоияти онҳо аст”.

Озодӣ: Шумо дар бораи раҳбари ин гурӯҳ, шумори ҷангиён чизе гуфта метавонед?

Посух: “Ҳатто барои анҷоми як ҳамлаи ногаҳонӣ барои чунин як амалиёт одами хеле зиёд лозим аст. Мусалламан, даҳҳо нафар ҳоло дар ин кишвар ба сар мебаранд”.

Озодӣ: Шумо дар гузориши худ мегӯед, ки гурӯҳҳои ҷиҳодӣ наметавонанд ба суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кунанд. Манзури шумо чист?

Посух: “Пеш аз ҳама мо ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ишора мекунем. Тоҷикистон ҳадафи аввалиндараҷаи ин гурӯҳ нест, ҳадаф Ӯзбакистон ва режими Ислом Каримов аст. Ман фикр намекунам, ки онҳо дар миёни тоҷикҳои зиёд пуштибон дошта бошанд. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон гурӯҳе нест, ки мисли Ҳамос ё Ҳизбуллоҳ бошад. Ҳамосу Ҳизбуллоҳ ба он хотир тарафдори зиёд доранд, ки мардумро зиёд аз ҷиҳати иҷтимоӣ пуштибонӣ мекунанд. Албатта дар минтақа нафароне буда метавонанд, ки ин ҳаракатро ба хотири нияти аз қудрат дур кардани Каримов ё Раҳмон дастгирӣ мекунанд. Вале дар маҷмӯъ Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон пуштибони зиёд надорад”.

Озодӣ: Гузориши шумо ҳокист, ки табиати Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон бо гурӯҳҳи дигари террористии мисли Ал Қоида ё Толибони Афғонистон ва Толибони Покистон аз лиҳози ҳадафҳо тафовут дорад. Манзури шумо чист?

Посух: “Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар Вазиристони Ҷанубӣ боқӣ нахоҳад монд. Онҳо аз макони амалиёти асосии худ – Осиёи Марказӣ берун карда шуданд ва маҷбур буданд дар Афғонистон ва баъдан аз он ҷо дар манотиқи қабиланишини Покистон панаҳ баранд. Ҳадафҳои онҳо ва Толибону Ал Қоида ё гурӯҳи Ҳаққонӣ муштарак нест. Шояд онҳо идеологияи муштарак дошта тарафдори ҷоришавии қонунҳои шариат дар давлатҳои мавриди назарашон бошанд. Онҳо хоки Покистону Афғонистонро чун паноҳгоҳ истифаода карда айни замон аз он ҷо истода рӯи Ӯзбакистон тамаркуз кардаанд. Вале ҳадафҳои билофосилаи сиёсии онҳо ба ҳам монанд нест”.

Озодӣ: Онҳоро кӣ маблағгузорӣ мекунад?

Посух: “Инро гуфтан хеле сахт аст. Дар марҳилае, ки Намангониву Тоҳир Юлдошев аз ҳам ҷудо шуданд, Юлдошев дар кишварҳои Халиҷ дунболи шарикон мегашт. Эҳтимолан вай дар он ҷо пуштибонӣ дидааст. Айни замон, шояд ҳеҷ кас дақиқ гуфта натавонад, ки чӣ маблағе онҳо дарёфт мекунанду чӣ пулҳое дар дасти онҳо мечархад. Ман мушаххастар аз ин чизе гуфта наметавонам”.

Озодӣ: Рӯзи ҷумъа дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Амриқул Азимов баъзе кишварҳои хориҷиро дар ташкили нооромиҳо дар Тоҷикистон айбдор кард, ҳарчанд аз исми кишварҳои мушаххас ном набурд. Ба фикри шумо, ӯ киро дар назар дошта метавонад?

Посух: “Қирғизистон тавони анҷоми ингуна корҳоро надорад. Чин бо тамоми дилаш хостори суботи Тоҷикистон аст, чунки дар чашми ин кишвар Раҳмон омили субот дониста мешавад. Афғонистон, ҳамсояи дигари Тоҷикистон ҳоло мубориза мебарад, ки худаш аз чанголи Толибон зинда монад. Дигар давлат Ӯзбакистон аст. Ин ҷо шумо шояд баъзе далелҳое мешунавед, ки мегӯянд ин кишвар манфиатдори бесуботӣ дар Тоҷикистон аст. Вале агар гап дар бораи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон меравад, пас мантиқ дар куҷост, ки Тошканд душмани худро дастгирӣ кунад, то ки вай қавӣ шавад? Давлатҳои дигарро бинем. ИМА, ки хоки Тоҷикистонро барои интиқоли борҳо ба Афғонистон истифода мекунад, ҳеҷ гоҳ намехоҳад дар қаламрави як ҳамсояи Афғонистон ноамниву хушунат бошад. Ва акнун Русия. Ин кишвар бештар аз ҳар дигар давлат мавриди шубҳа аст. Барои ин кишвар ташкили як андоза нооромӣ дар Оcиёи Марказӣ метавонад мундариҷаи пурсамаре барои ворид кардани нирӯҳояш ба минтақа шавад. Вале агар ин бозӣ бошад, пас хеле хатарнок аст. Ба назари ман, ӯ метавонист, ба Русияву Ӯзбакистон ишора кунад, вале мусалламан на ба ИМА ё Чин”.

Озодӣ: Дар чунин шароити номуайяниҳои зиёд, оё ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд чӣ гуна рафтор кунанд?

Посух: “Дуруст раҳбарӣ кунанд, то ки аз ҳамлаҳои бештар ҷилавгирӣ шавад. Онҳо муҳитеро эҷод карданд, ки мардум наметавонанд озод бошанду норизоитҳои худро дар чаҳорчӯби қонун изҳор кунанд. Дар сурати мудирияти дуруст ҳамлаҳои зидди ҳукумат ҳам кам мешавад”.

Озодӣ: Шумо ба ҳукумати ИМА машварат медиҳед, ки дар амри мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ доираи амалиётро аз қаламрави Афғонистону Покистон то ба се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тавсеа бахшад. Шумо мегӯед, бо нафароне, ки сари қудрат ҳастанд кор кунед, на ин ки бо онҳое, ки шумо мехоҳед. Инчунин таҳлили ҳодисаҳои террористии ин ҷумҳуриҳо баъди касби истиқлол нишон медиҳад, ки ин режимҳо тавонистанд аз мавридҳои бештари ҳамлаҳои террористӣ дар хоки худ ҷилавгирӣ кунанд, аз ин хотир шумо бо онҳо ҳамкории наздиктарро машварат медиҳед. Дуруст аст?

Посух: “Шумо ҳоло ба муҳимтарин масъала ишора мекунед. Воқеият ҳам ин аст, ки онҳо шарикони мо ҳастанд. Мо метавонем дар баробари ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аврупоиву ғарбӣ дар бораи зарурати ҳамкориҳо бо кишварҳои маҳаллӣ фаромӯш накунем. Алорағми фасодзадагии онҳо, таҳдидҳои мо муштараканд ва мо илоҷ ё интихоби дигар надорем. Онҳо ба мо хадамоти муайянро фароҳам овардаанд, мисли пойгоҳи Манас дар Қирғизистон ё роҳи интиқоли борҳо ба Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон. ИМА дар гузашта ҳеҷ мушкилоте дар ҳамкорӣ бо чунин режимҳо надоштааст”.

Ташаккур, аз Шумо Томас Сандерс, муҳаққиқи Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалии Вашингтон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG