Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳинд ба тақсими макони мазҳабӣ ҳукм кард


Додгоҳи Ҳинд имрӯз қарор кард, маҳалле, ки онро ҳам ҳиндуҳо ва ҳам мусулмонон моли худ медонанд, дар байни ду ҷомеа тақсим кунад. Дра ин бора вакили яке аз тарафҳо хабар додааст ва худи додгоҳ ҳанӯз ин иттилоъро тасдиқ накардааст. Баҳси мансубияти ин макон дар гузашта борҳо сабаби хунрезиҳо дар байни ду тараф шудааст. Сар аз садаи 15, вақте Масҷиди Бабрӣ дар аёлати Утар Прадеш аз тарафи миллатгароёни ҳинд ишғол шуд, 2000 нафар дар даргириҳо барои ин мавзеъ ба ҳалокат расидаанд. Ҳиндуҳо мехоҳанд, дар ҷои он ибодатгоҳи Рамаро бино кунанд ва мегӯянд, Рама дар ҳамин ҷо зода шудааст. Мусулмонон хостори дубора сохтани масҷиданд. Ҳукумат барои пешгирӣ аз даргириҳои нав бо эълони ҳукми додгоҳ 190 000 корманди полисро ба минтақа фиристодааст.
XS
SM
MD
LG