Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ширкати ҳарбиёни худро дар рӯйдодҳои Рашт рад кард


Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳарбиёни кишвараш дар амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар ширкат надоранд. Ин изҳороти Юрий Попов дар пайванд ба бархе аз хабарҳои матбуот садо дод, ки бино бар онҳо дар амалиёт чархболҳои ҳарбии Русия дида шудаанд. Дипломати рус афзуд, ҳамаи ҳавопаймоҳои ҷангии марбут ба пойгоҳи 201 ва гурӯҳи фаврии бахши марзбонии Хадамоти федероли амнияти Русия дар пойгоҳи Канти Қирғизистон қарор доранд. Вай ҳамчунин гуфт, ҳарбиёни тоҷик барои ҳалли мушкили дохилии кишвар нерӯ ва василаҳои кофӣ доранд ва зарурат ба кӯмаки беруна нест.
XS
SM
MD
LG