Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси адибони ҷавон


Вақте аксари ҷавонони навқалами суғдӣ дар маҳфиле дар ҳузури устодони шеър навиштаҳои шогирдонаи худро мехонданд, аксар мегуфтанд гиру дорҳои зиндагӣ ва мушкилоти зиёд барои бисёри онҳо илҳоме барои гуфтани шеър шудааст

Воқеан, аксар мавзӯъҳои навқаламони Суғд ҳам, тавре мунаққидони адабӣ мегӯянд, ҷанбаи иҷтимоӣ дошта зиндагии пуршебу фарози инсони имрӯзро ба риштаи тасвир мекашад.

Шеъри ҷавонон бештар ҷанбаи иҷтимоӣ гирифтааст

Азими Алӣ худро шоири ҷавон мешуморад ва дар мулоқот бо устодони шеъру адаб чанд пора навиштаи худро муаррифӣ кард.

Вай мегӯяд, бо шавқи зиёд ба ин нишаст шитофтааст, чунки дар шароити имрӯза аз назари як устоди шеър гузарондани чакидаҳои шогирдонаи худ, корест пурманфиат:

" Сӯҳбату вохӯриҳои устодон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар ва Камол Насрулло барои навқаламон баҳраҳои зиёд ато мекунад. Мо ҷавонон ҳам кӯшиш мекунем ба омӯзиши амиқи адабиёти муосир ва ҳам классик, чизе нависем, ки шоистаи таҳсин бошад."

Азими Алӣ, ҳоло донишҷӯи курси аввали донишгоҳи давлати Хуҷанд буда, ба гуфтаи худаш чанд моҳ аст, ки қалам ба даст гирифта, шеър менависад. Вале ангораҳои нахустини ӯ, ки дар васфи ҳунару зиндагӣ қироат шуд, аз ҷониби шоирони маъруфи кишвар хуш пазируфта шуд. Аксарият гуфтанд, Азими Алӣ ояндаи хуби эҷодӣ дорад.

Дар маҳфили шеъри навқаламони Суғд аксарият аз коҳиши таваҷӯҳи мардум ва ба вижа ҷавонон ба шеъру сухан дар солҳои охир таъкид карданд.

Суруши Абдуҷаббор яке, аз мунаққидони ҷавону назмшиносии тоҷик мегӯяд, ки бархе шоирон имрӯз ба инъикоси мавзӯҳои якранг ва мадҳу ситоиши мансабдорону раҳбарон мепардозанд ва эҳтимолан аз ҳамин сабаб, таваҷҷӯҳи бисёриҳо ба шеър камтар шудааст.

Вай гуфт, ин гуна шеърҳо, тавре таърихи тӯлонии назми тоҷик нишон дод, умри дароз надоранд ва ин шеъри асил аст, ки мемонад. Вай мегӯяд имрӯз шеър гӯё рисолати худро аз даст додааст.

Суруши Абдуҷаббор - назмшиноси тоҷик
Оқои Суруш мегӯяд: «Ман бисёр таассуф мехӯрам, ки ҳавзаҳои адабии муқтадири кишвар, суст ва камҷуръат ҳаст. Ба он хотир, ки шеър як андоза бозориву кӯчагӣ шуд. Муттасифона вақте, ки шеъри шоирон муқоиса намешаванд, намедонед, ки чи асил ва чи ноқис аст.»

Мушкили адибони ҷавон дар музофотҳо

Аммо Бонуи Шокир, дигар аз адибони ҷавон дар ноҳияи Истарашан мегӯянд, ки мутаассифона ҳавасмандии каму адами пуштибонии молӣ дар кори адибон, даҳҳо афроди боистеъдоду хушқалам ва соҳибзавқро аз ҷодаи шеърнависӣ ноумед кардааст.

Хонум Бону мегӯяд, ҳоло дар миёни муҳоҷирони корӣ низ онҳоеро зиёд дидан мумкин аст, ки меарзад Лоиқу Бозорҳо ва Гулрухсору Фарзонаҳои ояндаи шеъри тоҷик шаванд:

«Аксари адибони ҷавон дар рустоҳо наметавонанд маҷмӯаҳои худро нашр кунанд. Дар ҳавзаи адабии Истаравшан адибони ҷавон зиёданд. Дареғо, ки масъулин нисбати онҳо беэътиноӣ мекунанд. Бояд аз тақдири ҳар як навқалам огоҳ шуд.»

Хонуми Бону ҳамчунин аз набуди шароит барои нашри китобу маҷмӯаҳои адибони ҷавон дар матбуот ва чопхонаҳои кишвар шикоят кард ва гуфт, ин ҳама назму насри замонавиро аз пешрафт нигоҳ медорад.

Маҳфили адибони ҷавони Суғд қарор аст то санаи 1- уми октябр идома намояд. Тӯли чаҳор рӯз, ба иловаи баррасии вазъи шеър, қарор аст шоирони маъруфи кишвар Камол Насрулло, Фарзона, Гулназар Келдӣ бо навқаламон мулоқот кунанд.

Конфронси адибони ҷавон бо тасмими бахши суғдии иттифоқи нависандагон баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG