Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоб дар бораи тасвирҳои танзомези Муҳаммад паёмбар


Китобе дар бораи нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом ва вокунишҳо ба он имрӯз дар Дания ба табъ расид. Муаллифи китоб, Флемминг Роз, ки мудири бахши фарҳанг дар нашрияи "Ҷилляндс-Постен" буд, таърихи нашри танзҳо ва бӯҳронеро, ки ин иқдом ба бор овард, ба қалам додааст. Китоб дар панҷумин солрӯзи нашри ин танзҳо ба фурӯш баромад. Тасвирҳои танзомез ба эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳон нохун зада, тазоҳуроту даргириҳоеро ба дунбол доштааст. Роз менависад, худи ӯ низ чандин бор ҳадафи таҳдид будааст.
XS
SM
MD
LG