Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввалин гуфтушуниди ҳарбии ду Корея дар ду соли охир


Нахустин бор дар ду соли охир ҳайатҳои ду Корея паси мизи гуфтушунид нишастанд. Мулоқоти онҳо дар деҳаи Панмунйом дар минтақаи ғайринизомии марзи ду кишвар дар ҳоле баргузор шуд, ки сар аз моҳи март, замони ғарқ шудани як киштии ҳарбии Кореяи Ҷанубӣ ва ҳалокати 46 маллоҳи он ба авҷи худ расид. Сеул Кореияи Шимолиро масъули ин ҳамла медонад, вале Пхенян ин иттиҳомро рад мекунад. Дар гуфтушунид низ ҳайати Кореияи Шимолӣ аз узрхоҳӣ дар ин робита сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG