Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БЕ... МОРОН


ЯКУМ - Чӣ?! Харта птичий грипп қапидай?
ДУЮМ - Ҳова. қапидай.
ЯКУМ - Инаш боз чӣ балояй?
ДУЮМ - Касалии гузаранда. Заразний.
ЯКУМ - Чӣ, мурғҳо ҳам одамон барин тимоқ шуда аз биниашон об меравад?
ДУЮМ - Ҳова. Меравад.
ЯКУМ - Ё харат бо ягон мурғи дайду ҳамхоба шудаасту ту бехабар мондӣ?
ДУЮМ - Беморие, ки аз ҳамхобагӣ мегузарад, СПИД ном дорад.
ЯКУМ - Касалии хари ту чи ном дорад?
ДУЮМ - Зукоми мурғ. Грипуш меган.
ЯКУМ - О, хайр ин дардро ягон зоғу заған меқапид, ман мефаҳмидам: мурғҳоят ҳам аҳли оилаат барин дайду. Мумкин вақтро ғанимат дониста бо ягон паррандаи дигар,.. вай карда бошанд,.. бўсобўс... Умуман ҳар кор шуданаш мумкин... Лекин зукоми мурғ шудани харро ман бо ҳамин риши сафедам бори аввал мешунавам.
ДУЮМ - Ин беморӣ баъди сафед шудани риши ту баромад.
ЯКУМ - Ҳа-а... Ин бемории охирзамон гўй... Ту намедонӣ ҳамин касалро кӣ фикр карда баровардааст?
ДУЮМ - Намедонам. Аз афташ мудирони фермаҳои мургпарварӣ.
ЯКУМ - Чаро?
ДУЮМ - Барои он ки ҳисоботи мурғҳои худашон хўрдаро ҷо ба ҷо кунанд.
ЯКУМ - Чӣ, барои ҳисоботи онҳо сафи рўбоҳҳои пешқадам камӣ кард? Ё онҳо ҳам хари ту барин ба он касалии гуфтаат гирифтор шудаанд?
ДУЮМ - Намедонам...
ЯКУМ - Воқеан, чаро рўбоҳон ба касалии зукоми мурғ гирифтор намешаванд?
ДУЮМ - Чунки онҳо охур надоранд.
ЯКУМ - Охур ин ҷо чӣ дахл дорад?
ДУЮМ - Мурғони ман дар охури хар тухм мекунанд….
ЯКУМ - Ҳа-а... ҳамин бузургонамон беҳуда нагуфта будаанд-да:
Он кас, ки надонад ҷои хар бастани хеш,
Ё гардани хар бишканад ё гардани хеш.
ДУЮМ - Ҳоло ки гардани ману хар нашикастааст, ёрдам кун.
ЯКУМ - Хайр, ту аз ман чӣ мехоҳӣ? Охир ман ҳайвондухтур… вай чи буд, байтор набошам, тагу тори ҳамон хари туя надонам… Ман як муаззини зада... умуман оддӣ...
ДУЮМ - Ба гўши харам азон гўй...
ЯКУМ - Чӣ?!
ДУЮМ - Ба гўши...
ЯКУМ - Э, ту!.. ҳоло ду се гапи обдор мегуфтаму лекин афсус, ки дар гирду пеш одам... кам!.. ҳой, ман ба гўши худат ва фарзандону набераҳоят азон хонда чӣ дидам? Худат бангӣ, писаронат дузд, набераҳоят наркоман, харат тимоқи мурғ, мурғҳоят говдевона, говат СПИД!..
ДУЮМ - Ана дидӣ, ёрдам кардааст-ку?
ЯКУМ - Воқеан, ту намедони, чаро дар тамоми ҷаҳон баробари пайдо шудани ҳамин касалҳои навбаромад, олимон дарҳол мардумро огоҳ мекунанд, ба онҳо мефаҳмонанд, ки чӣ тавр онро пешгирӣ кунанд, дар пеши чашми халқ, яъне дар телевизор, говҳоро сад-саду ҳазор-ҳазор нест мекунанд. Мурғҳоро бо катаку мурғончаҳояшон, яъне вай... фермаҳояшон нобуд месозанд. Баъд он ҳамаро сўзонда хокистарашро дар чуқурии чанд метр гўр мекунанду дар қишлоқи мо касе дар ин бора лому мим намегўяд? Гўё, ки на аз бинии мурғе об меояду на говеро ба Кўктош мебаранд...
ДУЮМ - Чунки дар қишлоқи мо ҳамаи ин сирри махфӣ ҳисоб мешавад.
ЯКУМ - Чаро?
ДУЮМ - Агар ҳамин хел накунанд, ҳама гови девонаю мурғони касалашонро пинҳон карда, бо баҳонаи «Вай аз Россия СПИД овардааст», хонаи ҳамсояашонро оташ мезананд.
ЯКУМ - Ҳа-а... Ин гапат ҳам ҷон дорад. Аз дасти ин мардум ҳар кор меояд... мо ҳама, касалем... вай чи буд, бе... морем...
ДУЮМ - Ҳа... морем...
ЯКУМ – О, пештар харҳо «одам барин» нохуна мешуданд. Байторҳо биниашонро мебуриданд, мо ба гўшашон азон медодем...
ДУЮМ - Ҳа-а...
ЯКУМ - Ну харашо, рафтем. Ман ба гўши хари птичийгрипп шудаат ду се калима гапи обдор мегўям. Мумкин ёрдам кунад. Агар хоҳӣ ба гўши мурғонат ҳам...
ДУЮМ - Мурғ гўш надорад.
ЯКУМ - Дорад! Ин дар ҷойҳои дигар паррандаҳо гўш надоранд. Дар қишлоқи мо ҳар кўршапарак чашм дораду ҳар каррикурок гўш... Чунки мо ҳамаамон, бе... морем.
ДУЮМ - Бале. Морем... Рафтем.

XS
SM
MD
LG