Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Чин аз қонунгузории нави Амрико


Чин мегӯяд, тарҳи пешниҳодии қонуни нави Иёлоти Муттаҳида, ки метавонад ба нархи моли чиноии воридотӣ дар Амрико афзояд, хилофи қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо муддатҳо ба ин сӯ шикоят мекунанд, ки ҳифзи сунъии қурби пасти пули миллии Чин ба рушди экпорт аз ин кишвар мусоидат мекунад. Тарҳе, ки Маҷлиси Намояндагони Иёлоти Муттаҳида ба тасвиб расонд, барои моли кишварҳое, ки ба таври бунёдӣ арзиши пули худро паст нигоҳ медоранд, таъруфаҳо ҷорӣ мекунад. Қонуни нав бояд аз тарафи Сенати Иёлоти Муттаҳида низ ба тасвиб расад ва баъд аз имзо шуданаш аз тарафи раисиҷумҳури Амрико эътибор пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG