Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон


Истифода аз сомона ё сайтҳои интернетрии оҷонсиҳои иттилоотии аvesta.tj, tojnews.tj ва tjknews.com дар Тоҷикистон номумкин шудааст. Ду рӯз ба ин ҷониб ин саҳифаҳои муштариён интернетиро наметавонанд боз кунанд.

Зафар Абдуллоев, мудири Оҷонси иттилоотии Аvesta.tj таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир муштариёни ин сайт дар Тоҷикистон дастрасӣ ба маводу матолиби мунташира дар онро надоранд. Оқои Абдуллоев гуфт, ки масъулони ширкатҳои ироакунандаи хадамоти интернетӣ то кунун дар ин бора тавзеҳ надодаанд.

Вале як нафар аз масъулони ин хадамот хеле ҳама маҳрамона гӯшзад кардааст, ки дастури манъи ин сомонаҳоро ба таври шифоҳӣ дарёфт кардаанд. Ин манбаъ афзуд, ки баъди ҳаводиси маълум дар қисмати шарқи кишвар талошҳо барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани хабару гузориши расонаҳо мушоҳида мешавад.

Аз сӯи дигар, афзуд оқои Абдуллоев дар ҳоле, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба ин сомонаҳо дастрасӣ вуҷуд дорад метавон гуфт, ки ин кор бо дастури мақомоти кишвар ва танҳо барои дохил дода шудааст.

Мавриди бастан ва ё масдуд кардани истифода аз сайтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон нав нест. Дар собиқа низ баъзе аз сайтҳо аз ҷумла сайти нашрияи Чароғи рӯз ва Tajikikistan times, ки ба журналисти тоҷики муқими Маскав Додоҷон Атовуллоев тааллуқ дорад, баста шуда буданд.

Сомонаи интернетии сентразия ру низ чанд бор баста ва дубора боз шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG