Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дабири Шӯрои амният ба Рашт


Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дабири Шӯрои амнияти кишвар Амирқул Азимовро бо маъмурияти вижа ба водии Рашт фиристод. Ҷаноби Азимов дар остонаи сафараш ба хабарнигорон гуфт, пайғоми ӯ ба мухолифини мусаллаҳ ин аст, ки силоҳро ба замин гузоранд, вагарна ҳамагӣ кушта хоҳанд шуд.

Дабири Шӯрои амният афзуд, ки замони музокирот ба поён расидааст ва давлат барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳ нерӯи кофӣ дорад.

“Кишварҳои ҳаводори нооромӣ”

Амирқул Азимов ҳамчунин гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дар кишварро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели фаъолиятҳои тахрибкоронаи онҳоро ошкор хоҳад кард.

Баъди шурӯъи нооромиҳо дар водии Рашт барои аввалин бор аст, ки як мақоми баландпояи амниятӣ дар бораи кишварҳои пуштибони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ошкоро сӯҳбат кардааст.

Аммо суоли аслӣ ин аст, ки пайғоми дабири шӯрои амниятро кӣ ба шӯришгарон хоҳад расонд ва агар фурсати гуфтушунид бо мухолифони мусаллаҳ анҷом шуда бошад, пас сафар ба хотири чист?

Коршиносон мегӯянд, ин аввалин сафари мақоми расмии Тоҷикистон ба водии Рашт нест, ки рисолате вижа анҷом мешавад. Қаблан раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ҷиҳати боздошти гурӯҳи мулло Абдулло бо фармондеҳони водӣ музокирот карданд. Аммо дар ҳоле, ки гуфта мешуд, мақомот бо фармондеҳони собиқ бо чеҳраҳои боз аз утоқи музокирот берун шудаанд, чӣ шуд, ки рисолат иҷро нашуд?

Ахиран Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, низ сафареро ба ин минтақа анҷом дод. Акнун дабири Шӯрои амният вориди минтақаи Рашт шудааст.

Суҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, мегӯяд, ҳукумат барои саркӯб кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ нерӯи кофӣ дорад
“Ҳукумат нерӯи кофӣ дорад”


Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумат барои саркӯб кардани гурӯҳҳои террористӣ дар водии Рашт нерӯи кофӣ дорад ва мавзӯи музокирот бо ҷинояткорон ҳам рисолати дабири Шӯрои амният нест:

«Вазифаи дабири Шӯрои амният гуфтугӯ бо силоҳбадастон нест. Ягон сабаби ҷиддӣ ҳам нест, ки бо онҳо гуфтугӯ кунем. Онҳо ҷинояткоранд, бояд дастгир ва ё бартараф шаванд. Тамом».

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ як аз намояндагони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ба шумули худи Шӯрои амният ба ин суол посух надод, ки дабири шӯрои амният аз пайи таслим шудани кадом гуруҳ аст - Мулло Абдулло, Ҳаракати исломии Узбакистон, ё гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ҳоло фирор карда, ба мухолифи низомии ҳукумат табдил ёфтааст?

Мирзои Саттор, коршинос дар умури амниятӣ, ки собиқаи ширкат дар музокироти низомиро доштааст, мегӯяд, манзури ҳукумат ҳамоно Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров бояд бошад, зеро бо гурӯҳи Мулло Абдулло матраҳ кардани ҳамчунин масоил имкон надорад:

«Гурӯҳҳое, ки аз хориҷ пул гирифтаанд, ҳеҷ гоҳ бо шартҳои ҳукумат розӣ намешаванд. Онҳо дигар роҳ надоранд. Зеро чун пул гирифтаанд, бояд супоришро ҳам иҷро кунанд. Аз ин хотир, имкони таслим шудан ва ё силоҳ гузоштани онҳо вуҷуд надорад».

Бо вуҷуди иттиҳомоти ахири ҳукумат алайҳи собиқ фармондеҳони водии Рашт оқои Саттор, мусолиҳа бо онҳоро аз имкон дур намедонад.

«Дасти хориҷӣ»

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо матбуот ба пуштибонии кишварҳои алоҳида аз мухолифони мусаллаҳ дар водии Рашт ишора кард, ки дар ноором кардани авзоъ дар шарқи кишвар даст доранд.

«Дасти хориҷӣ» аз авомилест, ки шурӯъ аз ҳодисаи фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯяш зиёд сӯҳбат мешавад. Дар ҳаводиси водии Рашт, ба хусус баъд аз куштори 25 сарбози ҳукуматӣ дар дараи Камароб мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи Мулло Абдулло ва баъд аз он Аловуддин Давлатову Мирзохӯҷа Аҳмадовро муҷрим шинохтанд, ки ба гуфтаи мақомот, бо гурӯҳҳои террористӣ робита доштаанд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, иттилоъ дар мавриди ҳаводиси шарқи Тоҷикистон он қадар пӯшида аст, ки дар бораи бозиҳои бузург қазоват кардан амри маҳол аст. Вай афзуд, иттилое, ки то ба имрӯз дастрас шудааст, ақидаи эҷоди ҳилоли ноамнии «Кобул-Душанбе-Бишкек» дар Осиёи Марказиро тақвият мебахшанд. Вай афзуд:

«Бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надошта бошад, ҳукуматҳо маҷбур мешаванд ба муттаҳидини низомиашон ва ҳам қудратҳои муассир дар фазои геополитикии минтақа муроҷиат кунанд ва кӯмак пурсанд».

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, авомили дохилӣ барои авомили хориҷӣ замина фароҳам мекунанд. Онҳо аз ҷумла ба иҷро нарасидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, фишор ба мухолифини собиқи исломӣ, фасоди густарда, маҳалгароӣ ва фақру бекорӣ ишора мекунанд. Аммо бархи дигар мегӯянд, нооромии Тоҷикистон дар чархи ҷоҳталабиҳои геополитикӣ дар минтақа танҳо як мурувати кучак аст ва ин чарх ҳоло ба гардиши куллӣ шурӯъ накардааст.
XS
SM
MD
LG