Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи ҳашт мансабдори эронӣ барои “нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар” баъд аз интихоботи раёсати чумхурии соли 2009, таҳримҳо эъмол кардааст. Дар ин бора Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ва Тимоти Гейзнер, вазири молияи он кишвар дар як нишасти матбуотӣ дар Вошингтон хабар доданд.

Хонум Клинтон гуфт:

“Таҳти назорати ин мақомдорон ва ё бо амри мустақими онҳо, шаҳрвандони бегуноҳи эрониро боздошт карда мавриди шиканҷа, латукӯб, таҷовуз ва таҳдид қарор доданд ва ё ба қатл расонданд.”

Эъмоли таҳримҳо, ки аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама 28 сентябр ба имзо расид, алайҳи ҳашт мансабдори воломақоми эронӣ аз ҷумла, вазирони собиқу кунунӣ ва раҳбари Сипохи посдорони инқилоби исломӣ равона шудааст.

ИМА аз мардуми Эрон ҳимоят мекунад

Тибқи ин таҳримҳо, моликият ва ё суратҳисобҳои эхтимолии онҳо дар Амрико мунчамид ва судури раводиди сафар ба ИМ манъ мешавад.

Хонум Клинтон афзуд, ки Вошингтон барои нахустин бор мақомдорони эрониро барои нақзи ҳуқуқи башар ҷазо медиҳад ва эҳтимолан ин бори охирин нест.

Ба гуфтаи ӯ, муҷозоти шахсиятҳои ҷудогона ва он мансабдорони эроние, ки дар нақзи ҷидди ҳуқуқҳои башар даст доранд, абзори нави ҳукумати кишвараш дар роҳи дифоь аз манфиатхои мардумии оддии Эрон аст.

Хонум Клинтон мегӯяд, бо имзои ин фармон, раиси ҷумҳур паёме мефиристад, ки ИМ аз ҳуқуқҳои башари саросарӣ ҳимоят мекунад. Мо садои бесадоён хоҳем шуд ва ҳукуматҳои тавҳиномез ва афроди масъулро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид.”

Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст ки “ИМ ҳамеша он шаҳрвандони Эронро пуштибонӣ хоҳад кард, ки мехоҳанд садои онҳоро бишнаванд.”

Вошингтон аз Теҳрон даъват намуд, ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш арҷ гузорад.

Ҳуқуқи башар дар Эрон нақз шудааст

Баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 ва пирӯзии Маҳмуд Аҳмадинажод, ҳазорон шаҳрванди Эрон бо нишонаи эътироз ба хиёбонхо рехтанд.

Мақомоти Теҳрон раҳпаймоиҳоро бераҳмона пароканда карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукумати Эронро дар боздошт, латукуб, азобу шиканҷа, таҷовуз ва қатли ҳазорон эътирозгарон муттаҳам мекунанд.

Таҳримҳои иқтисодии инфиродӣ алайҳи Муҳаммад Али Ҷаъфарӣ- фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Содиқ Маҳсулӣ- вазири хайрия ва ҳифзи иҷтимоъӣ, Қалам Ҳусейн Муҳсини Эҷеӣ- собиқ вазири истихборот ва феьлан Додгустари кулл, Сайд Муртазавӣ- собиқ Додгустари кулл, Ҳайдар Мослеҳӣ- вазири истихборот, Мустафо Муҳаммад Наҷҷор- муовини фармондеҳи нерӯҳои низомӣ, Аҳмад Ризо Радан- муовини полиси миллии Эрон ва Ҳусейн Тайиб-муовини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эьмол шудаанд.

Аз ин пеш, ИМ алайҳи бахши молӣ ва бонкии Эрон хам таҳримҳои иқтисодии якҷониба эълон карда буд.

Моҳи июни соли равон, Шӯрои Амнияти СММ эъмоли бастаи чаҳоруми таҳримҳои байналмилалиро барои адами шаффофияти барномаи ҳастаии Эрон ба тасвиб расонда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG