Пайвандҳои дастрасӣ

Азимов: Мо кишварҳои дар ҳаводиси Рашт дастдоштаро медонем


Амирқул Азимов, Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, бо амри раисиҷумҳур, ба ноҳияи Рашт сафар кард. Дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости ӯ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин сафар – маҷбур сохтани мусаллаҳони мухолифи ҳукумат барои ба замин гузоштани силоҳ аст. Ӯ афзудааст, ки агар афроди мусаллаҳ ба ин талаб итоат накунанд, онҳо нобуд карда хоҳанд шуд, зеро нерӯҳои ҳукуматӣ ба таври кофӣ нерӯву силоҳ доранд ва замони музокирот ҳам ба охир расидааст.
Ба гуфтаи Амирқул Азимов, ӯ хуб медонад, ки хадамоти кашфи кадом кишварҳо барои ноором кардани авзоъ дар Тоҷикистон манфиатдоранд ва дар ҳаводиси ахир дар шарқи кишвар даст доранд. Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки агар онҳо аъмоли фитнаангезонаи худро қатъ накунанд, “ман барои ошкор кардани фаъолияти тахрибкоронаашон, аз ҷумла, дар бораи кай ва кадоме аз афроди мусаллаҳро пуштибонӣ кардани онҳо далелҳои кофӣ дорам”.
Дирӯз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Рашт ду ҷонибдори мусаллаҳи Мирзохуҷа Аҳмадов боздошт шудаанд. Амалиёти низомӣ дар минтақаи Рашт баъд аз он густариш ёфт, ки рӯзи 19 сентябр корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар ин ҳодиса дасти кам 26 афсару сарбоз кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG