Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Мексика боз ярч фуромад


Бар асари боз як ярч дар Мексика 16 нафар ба ҳалокат расида, чаҳор нафар беному нишон ғайб задаанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ин ҳодиса дар мавзеъи Аматани аёлати ҷанубии Чяпас рӯх дод. Дар аёлати ҳамсоя - Оксака, ки авоили ҳафта ярч фуромада буд, ҷустуҷӯи 11 нафари беному нишон ғайбзада идома дорад. Дар ин вилоят бар асари офати табиӣ ҳудуди 300 манзил зери хок монда, садҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки боришоти шадид дар кӯҳистони аёлати Оксака бистари хоки атрофи шаҳри Санта Мария Тлаҳутолтепек, воқеъ дар фосилаи 4 соат роҳ аз маркази аёлатро, суст кардааст.
XS
SM
MD
LG