Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Кожин - мири нави Маскав?


Сомонаҳои интернетии Русия навиштаанд, ки Кремлин номзад ба мақоми мири шаҳри Маскавро мушаххас кардааст. Гуфта мешавад, ки курсии пойтахти Русияро Владимир Кожин, раҳбари Идораи корҳои раисиҷумҳур соҳиб хоҳад шуд. Ба иттилоъи сомонаи нашрияи “Собеседник”, миёни номзадҳои Кремлин ба мақоми мири Маскав раҳбари дастгоҳи ҳукумат Сергей Собянин, вазири дифоъ Анатолий Сердюков, намояндаи раисиҷумҳур дар Қафқози шимолӣ Александр Хлопонин, муовини аввали сарвазир Игор Шувалов ва чанд нафари дигар низ буданд.
Дар ҳамин ҳол Юрий Лужков, мири собиқи шаҳри Маскав, эълом дошт, ки аз болои амри раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи барканорияш аз мақом ба Додгоҳи олии Русия шикоят нахоҳад бурд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори маҷаллаи The New Times Юрий Лужков ҳамчунин гуфтааст, ки номзадии худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 пешбарӣ нахоҳад кард.
Рӯзи сешанбе Дмитрий Медведев Юрий Лужковро бо далели беэътимодӣ ба ӯ аз мақоми мири шаҳри Маскав барканор карда буд.
XS
SM
MD
LG