Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримҳои нави ИМА алайҳи мансабдорони эронӣ


ИМА алайҳи ҳашт мансабдори воломақоми Эрон, ки дар нақзи ҳуқуқи башар айбдор мешаванд, таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Тибқи таҳримҳо, ҳисобҳои бонкии эҳтимолии ин афод дар ИМА мунҷамид ва ҳама робитаҳо бо онҳо мамнӯъ мешаванд. Ба феҳристи нав, аз ҷумла, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Ҷафъарӣ ва раиси хадамоти ҷосусии кишвар Мустафо Наҷар шомиланд.
Дар изҳороти вазорати молияи ИМА гуфта шудааст, ки масъулияти саркӯбсозии мухолифини эронӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли 2009 бар дӯши ин ҳашт мақоми давлатии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG