Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян нерӯи ҳастаии худро таҳким мебахшад


Кореяи Шимолӣ эълом дошт, ки барои таҳкими тавони ҳастаии худ талош хоҳад кард, зеро "ИМА чун пештара ба кишвар таҳдид мекунад”. Пак Кил Ён, муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ, зимни суханронӣ дар Маҷмааи Кулли СММ гуфт, ки Пхенян мухолифи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ мебошад ва аммо силоҳи атомии худро “воситаи нигаҳдоранда” мехонад. Ӯ афзуд, ки агар Кореяи Шимолӣ ин гуна силоҳ намедошт, нимҷазираи Корея кайҳо ба саҳнаи даргириҳо табдил мешуд.
ИМА ва дигар кишварҳо талош доранд, ки Пхенянро сари мизи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ баргардонанд ва аммо то ҳол муваффақ нашудаанд. Ин музокирот бо ширкати шаш кишвар – Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ, ИМА, Русия, Чин ва Ҷопон якуним сол пеш мутаваққиф шуда буданд.
XS
SM
MD
LG