Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирони тиллофурӯши эронӣ коршиканӣ карданд


Фурӯшандагони масолеҳи тилловорӣ дар сартосари Эрон алайҳи андози нав ба тилло даст ба коршиканӣ заданд. Ба иттилоъи Радиои Фардо, тоҷирони бозори тиллофурӯшии Теҳрон баъд аз он ки ҳукумат рӯи якшанбе молиёт барои тавлидоти тилловориро се дар сад афзоиш дод, дарҳои дуконҳои худро бастанд. Ба коршикании густарда тоҷирони шаҳрҳои Машҳад, Шероз, Қазвин, Қум ва Сабзавор ҳамроҳ шуданд. Як тоҷири бозори тилофурӯшии Теҳрон гуфт, онҳо ба молиёти нав барои он мухолифанд, ки аз ин баъд ба боло бурдани қимати маҳсулоти тилловорӣ маҷбур хоҳанд шуд. Ин дар навбати худ теъдоди харидоронро коҳиш медиҳад.
Раиси хадамоти молиёти Эрон Алӣ Асғарӣ гуфт, ки ҳукумат тасмимаш дар бораи боло бурдани андозро тағйир нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG