Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбони ӯзбак шаҳрванди Қирғизистонро маҷрӯҳ кард


Дар марз бо Ӯзбакистон як шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Тоштемур Ешалиев, як мақоми ҳукумати вилояти Бодканд ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар наздикиҳои деҳаи Каитпаси ноҳияи Қадамҷой рӯх додааст. Як марзбони ӯзбак сӯи Алмос Ёроев, ки дар ҷустуҷӯи чорво иштибоҳан аз марз убур кард, тир андохт. Ёроев ба таври оҷил ба бемористон интиқол ёфт ва ҷарроҳӣ шуд. Ба гуфтаи табибон, вазъи бемор қаноатбахш аст. Худи Ёроев гуфтааст, ки марзбони ӯзбак бидуни ҳушдор сӯи ӯ оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG