Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ором, вале нигаронкунандаи Рашт


Тайи рӯзҳои ахир вазъ дар водии Рашт ором аст ва ягон даргирие миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусалаҳ ба назар намерасад. Вале интиқоли нерӯҳои низомӣ, аз ҷумла зиреҳпӯшҳо, ба минтақа ҳамоно идома дорад.

Дар муқоиса ба рӯзҳои аввал парвози чархболҳо дар фазои водӣ кам мушоҳида мешавад. Зиндагӣ дар ноҳияи Рашт ба маҷрои пешин бармегардад, вале дар чеҳраҳои аксари мардум нигаронӣ эҳсос мешавад.

Ҳамзамон маҳдудият дар гаштугузори мардум аз соати 20.00 то 06.00-и субҳ боқӣ мемонад. Дар ин соатҳо кӯчаҳои шаҳру деҳоти водӣ комилан аз мардум холист.

Як ҳафта бе иртиботи телефонӣ

Дар ҳамин ҳол иртиботи телефонӣ дар ноҳияи Рашт то ба имрӯз барқарор нашудааст. Ин вазъ сокинони маҳаллиро нигарон кардааст, ки як ҳафта боз наметавонанд бо пайвандони худ дар пойтахт ва хориҷ аз кишвар дар тамос шаванд.

Пас аз ҳамлаи хунини як гурӯҳи мусаллаҳ ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Камароб чанд рӯз аст, ки нерӯҳои интизомӣ сокинони бархе аз деҳот, бахусус ҷавононро боздошт ва бозпурсӣ намуда, раҳо мекунанд. Амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар деҳот ва бозпурсии сокинон мояи нигаронии мардум шудааст.

Саломатхонум, як сокини ноҳияи Рашт, мегӯяд, пас аз даргирӣ дар назди манзили Мирзохуҷа Аҳмадов дар деҳаи Кочон кормандони интизомӣ чанд нафар аз сокинони ин деҳаро боздошт ва бозпурсӣ кардаанд:



Зиндагӣ ба маҷрои пешин бармегардад

Дар ҳоле, ки имрӯз мо озими шаҳри Душанбе будем, маркази ноҳияи Рашт чун рӯзҳои қабл аз даргириҳо серодам буд. Аксари идораву муассисаҳо ва бозору дӯконҳо дубора ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Мушкили нақлиётие, ки тайи чанд рӯзи ахир пеш омада буд, рафъ шудааст ва ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои ноҳия, аз ҷумла ба самти дараи Камароб, ба маҷрои пешин бармегардад.

Тавре мушоҳида мешавад, рафтуомади мусофирон дар шоҳроҳи Ғарм-Душанбе низ беҳтар шудааст. Феълан аз Рашт то пойтахт ҳашт посгоҳ фаъол аст ва танҳо дар мавзеи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод мусофирон мавриди тафтиш қарор мегиранд. Аммо мусофирон мегӯянд, ки муносибати сарбозон бо мардум хуб аст.

Мардуми водии Рашт аз марги 25 нафар сарбоз изҳори таассуф ва ҳамдардӣ мекунанд. Сокинони маҳаллӣ хостори раҳоии ҳарчи зудтари минтақа аз бунбаст ҳастанд.
XS
SM
MD
LG