Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, "ба муҳоҷирон ба мисли ҳаво" ниёз дорад


Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия, мегӯяд, кишвараш ба муҳоҷирон ба мисли обу ҳаво ниёз дорад, зеро Русия ҳар сол бар асари бӯҳрони демографӣ тақрибан як миллион коргарашро талаф медиҳад. Константин Ромодановский гуфт, Русия бояд ҷилави тамоюлҳои зидди муҳоҷиратиро бигирад, зеро ин кишвар ба нерӯи муҳоҷирони корӣ мисли ҳаво ниёз дорад. Константин Ромодановский хостори сабуктар кардани меъёрҳои пазируфтан ва кордиҳӣ ба муҳоҷирони корӣ шуд. Аҳолии Русия аз соли 1991 то кунун 6 миллион нафар кам шудааст.
XS
SM
MD
LG