Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҷорҷ Митчелл бо Бенямин Нетаняҳу


Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи хоси Амрико барои Ховари Миёна имрӯз гуфт, кишвараш беш аз ҳар вақти дигар азм дорад, то ба сулҳ дар минтақа даст ёбад. Ҷорҷ Митчелл дар ин бора зимни мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил сухан гуфт. Ӯ гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳур ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз ӯ хостаанд, то ин паёми азми қавии кишвараш барои расидан ба сулҳи фарогир дар Ховари Миёнаро ба исроилиҳову фаластиниён бирасонад. Кетрин Эштон, сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ имрӯз гуфт, имрӯз барои мулоқот бо Ҷорҷ Митчелл ва Бенямин Нетаняҳу озими Ховари Миёна мешавад.
XS
SM
MD
LG