Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони Нигерия ба Тоҷикистон меоянд


Дар назар аст, ки бошгоҳи футболи ҳирфаии «Soccer»-и Нигерия моҳи октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меояд.

«Soccer» дар Лигаи олии Ассотсиатсияи футболи Нигерия (NFA) бозӣ мекунад. Ин даста, ки ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти дохили Нигерия маҳсуб мешавад, дар хориҷи кишвар низ муваффақона бозӣ кардааст.

Дар ин бора президенти бошгоҳи футболи «Soccer» Усмон Сулаймон Абдумалик дар номаи худ ба унвони Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Футболбозони Нигерия мақсад доранд, ки бо дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозиҳои дӯстона анҷом диҳанд. Аз ҷумла, раҳбарияти бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои бозии дӯстона бо футболбозони Нигерия розигӣ дод ва номаи ҷавобиро ба ташкилоти марбута ирсол кард.

Пас аз гирифтани иҷозаи сафари ҳайати варзишии Нигерия ба Тоҷикистон, замон ва макони баргузории бозиҳо муайян карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG