Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд рӯз пеш ҳамсӯҳбатони радиои «Озодӣ» дар ноҳияи Ваҳдат иттилоъ доданд, ки сокинони маҳаллӣ дар боздошти яке аз 25 фирорӣ ба мақомот кӯмак кардаанд. Дақиқан як духтари ҷавон дар ҳоҷатхона пинҳон шудани шахси ношиносро мушоҳида карда,кормандони мақомоти амниятиро аз ин ҳодиса огоҳ кардааст.

Ахиран кормандони мақомоти қударатӣ бо таъкиди хатари дар озодӣ будани зиндониёни фирорӣ аз мардум хостанд, ки агар дар бораи ҷойи буду боши фирориҳо иттилоъ доранд, онро бо мақомот дар миён гузоранд. Ин ҳамкорӣ подоши пулиеро низ дар назар дорад.

Дар гузашта кам иттифоқ афтодааст, ки мақомот аз мардум тақозои кӯмак карда бошанд.

Бо назардошти ин таҷрибаи нав мо дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон пурсидем, ки оё агар дар бораи афроди хатарнок иттилоъ дошта бошанд, дар ин бора ба мақомот хабар медиҳанд ё не?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG