Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии коргарони норозӣ дар саросари Аврупо


Даҳҳо ҳазор нафар аз саросари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар баробари ниҳодҳои ин иттиҳодия дар шаҳри Брюссел раҳпаймоӣ карданд. Ин мардум алайҳи коҳиши дардноки хароҷоти барномаҳои буҷавӣ эътироз доранд. Даъвати иттиҳодияҳои коргарӣ ба тазоҳурот дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо дар андешаи ҷарима бастани он кишварҳои узв аст, ки дефитсити буҷаашон бар асари харҷҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад. Аз Лаҳистон то Португалия ва аз Латвия то Қибрис ҳама шоҳиди тазоҳуроти коргарӣ шуданд. Дар Испания коршикании 24 соата шурӯъ шуд, ки бебандубории зиёдеро ба миён овард. Дар Ирландия як мардеро боздошт карданд, ки ба нишони эътироз мошини сементкаширо ба дарвозаи порлумон равон кард.
XS
SM
MD
LG