Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти газ ба Тоҷикистон коҳиш дода мешавад


Мақомоти Ӯзбакистон аз ширкати “Тоҷиктрансгаз” хостаанд, то ҳарчӣ зудтар ҳаққи гази содиротиро бипардозад, дар акси ҳол, интиқоли газ ба Тоҷикистонро 50 дар сад кам хоҳанд кард. Хабаргузории давлатии “Ховар“ мегӯяд, интиқоли газ ба Тоҷикистон аз ҳамин рӯз коҳиш дода мешавад, зеро то кунун тақрибан 2 миллион доллар ҳаққи гази Ӯзбакистон пардохта нашудааст. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷиктрансгаз”, дар сурати коҳиши интиқоли гази табиӣ, корхонаи бузурги тавлиди сементи Душанбе аз кор бозмемонад. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон аз Ӯзбакистон бештар аз 120 миллион метри мукааб гази табиӣ ба арзиши тақрибан 28,5 миллион доллар ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG