Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо рафтори Фаронсаро таҳқиқ мекунад


Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Фаронса, ки ҳазорон лӯлиро аз қаламраваш ихроҷ кард, парванда боз кардааст. Вивиан Рединг, кумиссионери умури адлияи Иттиҳодияи Аврупо, ба телевизиони “Франс 24” гуфт, амалкарди Фаронса барои нақзи муқаррароти ҳаракати озод дар қаламрави иттиҳодия таҳқиқ мешавад. Рондани садҳо лӯлӣ аз қаламрави Фаронса бахусус ба ватанҳояшон Руминия ва Булғористон боиси моҷаро миёни Порис ва Брюссел шуд. Дар сурати собит шудани ин иддаъо Фаронсаро метавонанд, ҷарима кунанд.
XS
SM
MD
LG