Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои коргарон дар Аврупо шурӯъ шуд


Иттиҳодияҳои коргарӣ аз коргарони аврупоӣ даъват кардаанд, дар назди қароргоҳҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел раҳпаймоӣ кунанд. Раҳпаймоӣ дар замоне сурат мегирад, ки ин иттиҳодия мехоҳад, он кишварҳои узвро, ки дефитсити буҷаашон бар асари харҷҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад, ҷарима бандад. Иттиҳодияҳои коргарӣ нигаронанд, ки коргарони оддӣ қурбонии аслии бӯҳрони иқтисодӣ мешаванд, ки иллати онҳо бонкдорон ва тоҷироне ҳастанд, ки бисёрашон аз ҳукумат кӯмакҳои азими молӣ гирифтанд. Баргузоркунандагонаш мегӯянд, интизор меравад, дар раҳпаймоӣ дар Брюссел 100 ҳазор нафар ширкат кунад. Дар Испания коршикании 24 соатаи саросарӣ имрӯз шурӯъ шуд, ки ин кишвар барномаҳои дардноки коҳиши хароҷоти давлатиро рӯи даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG