Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои тарҳҳои террористии зидди Аврупо


Ниҳодҳои ҷосусии ғарбӣ иддаъо мегӯянд, нақшаи ҳамлаҳои нави террористӣ бар зидди Бритониё, Фаронса ва Олмонро ифшо кардаанд. Расонаҳо аз нигарониҳои Ғарб хабар медиҳанд, аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, иттилоъ дар бораи тарҳҳои террористӣ боварбахшанд, вале на мушаххас.

Созмонҳои ҷосусии Ғарб, бино бар хабарҳо, дар пайи омилони эҳтимолии нақшаи террористии густарда зидди Бритониё, Фаронса ва Олмонанд. Хабаргузориҳои ғарбӣ ба нақл аз манобеи махфӣ дар ин ниҳодҳои иктишофӣ ва амниятии Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо мегӯянд, эҳтимол меравад, ин ҳамлаҳо дар Покистон тарҳрезӣ шудаанд.

Телевизиони Би-Би-Сӣ онро "яке аз ҷиддитарин тарҳҳои Ал-Қоида дар солҳои охир" номид, ки аз тарафи сарони гурӯҳҳои пайкорҷӯ дар манотиқи қабиланишини Покистон пешниҳод шудааст. Ин расона гуфт, бино ба тарҳи мазкур, дастаҳои яккачини ҷиҳодиён бояд ғарбиёнро гаравгон гирад ва ба ҳалокат расонад. Он афзуд, ин андеша аз марҳилаи пешниҳод ба марҳилаи тарҳрезӣ ворид гаштааст.

Телевзиони бритониёии СкайНюз аз табодулаи иттилоъ дар байни се кишвари аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки ба гуфтаи он, заминаи ифшо ва хунсо шудани тарҳро фароҳам овард.

Ва расонаи дигар, телевизиони АБС Нюзи Амрико мегӯяд, иттилои марбут ба тарҳ аз як гумонбаршудаи терроризм дарёфт шудааст. Ин шахс шиносномаи олмонӣ дошта, дар арафаи сафараш ба Аврупо боздошт шуд ва ҳоло дар маҳбаси нерӯҳои амрикоӣ дар Баграми Афғонистон нигаҳдорӣ мешавад. АБС нюз ба нақл аз мақомоте дар Вошигтон гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида низ яке аз аҳдофи ин тарҳ будааст.

"Таҳдиди ҷиддии ҳамлаи марговар"

Мақомоти аврупоӣ мавҷудияти чунин тарҳеро тасдиқ накарданд, аммо дар ҳар се кишвар -- Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳолати омодагӣ ба таҳдид эълон шудааст.

Мудири кулли Хадамоти истихборотии МИ5-и Бритониё, Ҷонатан Эванс, рӯзи 16-уми сентябр аз "таҳдиди ҷиддии ҳамлаи марговар" ҳушдор дода буд.

Вазири амнияти дохилии Амрико, Ҷонатан Наполитано рӯзи 22-юми сентябр гуфт, "афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аз таҳдидҳое алайҳи кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла давлатҳои Аврупо паём медиҳад."

Нигарониҳо аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ ва занги телефонии шахси номаълум рӯзи 28-уми сентябр сабаби барои ҷаҳонгардон баста шудани Бурҷи Эйфел дар Порис шуд. Чунин таҳдид дар як моҳ бори дувум ба вуқӯъ пайваст. Вазири умури дохилии Фаронса, Брис Ҳоғтуфу рӯзи 20-уми сентябр аз "таҳдиди воқеӣ" чунин гуфт:

"Ман ба ягон пурсиши дигар посух нахоҳам дод, вале тасдиқ мекунам, ки таҳдид воқеист ва ҳушёрию омодагии мо таҳким ёфта, сатҳи нигаронӣ ба дараҷаи пеш аз охир боло рафтааст."

Раиси маркази миллии иттилооти истихборотии Амрико, Ҷеймс Клаппер дар изҳороте рӯзи сешанбе бидуни ишораи мустақим ба ягон тарҳи муайяни террористӣ гуфт, хабар дорад, ки Ал-Қоида дар пайи зарба задан ба Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аст.

Нашрияҳои амрикоӣ афзоиши истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин дар манотиқи қабиланшини Покистонро ба иттилои хадамоти истихборотӣ дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ бастагӣ додаанд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, чунин ҳамлаҳо ахиран қариб 20 дарсад бештар шудаанд.
XS
SM
MD
LG