Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тарҳҳои ифшошудаи ҳамлаҳо ба Аврупо


Бино ба гузоришҳо, хадамоти истихборотии ғарбӣ тарҳи ҳамлаҳои терористии Ал-қоида дар Бритониё, Фаронса ва Олмонро кашф кардаанд. Ин ҳамла зоҳиран дар манотиқи қабоилнишини Покистон ва такягоҳи ҷангҷӯёни Ал-қоида таҳия шудааст. Бино ба гузоришҳо, тундравон қасд доштаанд, бо ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда ғарбиёнро гаравгон гирифта ва бикушанд, тавре ки соли 2008 дар ду меҳмохонаи шаҳри Бомбайи Ҳинд карданд. Афзоиши ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба манотиқи қабоилнишини Покистон бино ба гузоришҳо ба хотири маҳви муаллифони тарҳ буда ва баъзе ҳам дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд. Дар ҳамлаи серӯзаи шаҳри Бомбай, 10 фарди мусаллаҳ, 166 нафарро куштанд ва бештар аз 300 тани дигарро захмӣ карданд.
XS
SM
MD
LG