Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боло гирифтани таҳдидҳои террористӣ дар Аврупо


Маъмурони иттилоъотӣ мегӯянд, иттилоъоти мӯътамад доир ба тарҳи ҳамлаи террористӣ ба Бритониё ва Фаронса дарёфт кардаанд. Пештар аз ин дар рӯзи сешанбе баъди таҳдиди телефонии бобмгузорӣ дар Манораи Эйфел, мақомот онро холӣ карданд. Тайи ду ҳафта бори дуввум аст, ки доир ба бомбгузорӣ дар ин маҳалли маъруфи Порис ҳушдор медиҳанд. Мақомоти Бритониё низ аз таҳдиди амали террористии эҳтимолӣ огаҳ будаанд, вале дараҷаи “баланди” хатарро иваз накардаанд. Мақомоти Олмон хатари дарёфти иттилоъ доир ба тарҳи ҳамлаҳои террористиро рад карданд.
XS
SM
MD
LG