Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Медведев доир ба ҷазираҳои баҳсбарангези Курил


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз гуфт, ҷазираҳои Курил, мояи аслии баҳси Ҷопон бо кишвараш, бахши “бисёр муҳими” қаламрави Русия аст. Ӯ дар ин бора дар нимҷазираи Камчатка, дар шимоли ҷазираҳои баҳсбарангез сухан гуфт. Ҷазираҳои Курил, ки дар шимоли ҷазираҳои Ҳоккайдои Ҷопон воқеъанд, баъди тасарруфи онҳо аз тарафи нерӯҳои шӯравии собиқ дар соли 1945 то ҳол дар ихтиёри Русия қарор доранд. Давлати Ҷопон борҳо аз Русия хостааст, ки ҷазираҳои Итуруп, Шикотан, Ҳабомай ва Кунаширро, ки дар Ҷопон танҳо Қаламравҳои шимолӣ меноманд, баргардонад. Бинобар ҳамин баҳс, то кунун Русияву Ҷопон баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аҳдномаи сулҳро имзо накардаанд.
XS
SM
MD
LG