Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби миллатгароҳо барои ихроҷи дипломати рус аз Украина


Миллатгароҳои украин хостори аз кишвари берун кардани консули Русия дар шаҳри Лвов Евгений Гузеев шуданд. Ба иттилоъи “Интерфакс”, дар конфаронси бахши минтақаии иттиҳодияи “Озодӣ” изҳороте пазируфта шуд, ки дар он аз вазорати умури хориҷии Украина тақозо шудааст то дипломати русро ба ватанаш фиристад.
Ин изҳорот вокуниш ба пуштибонии Евгений Гузеев аз раҳбари “Сойми русинҳои назди Карпат” ва рӯҳонӣ Дмитрий Сидоров мебошад. Алайҳи Сидоров аз рӯи банди “талоши барҳам задани якпорчагӣ ва дахлнопазирии Украина” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Фаъолони иттиҳодияи “Озодӣ” мавқеъи консули Русияро чун дахолат ба корҳои Украина ва талоши таъсиргузорӣ ба ҷараёни тафтишот арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG