Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар боз ҳам то Ғазза нарасиданд


Киштиҳои низомии Исроил сафинаи боркаши фаъолони яҳудиро, ки мехост муҳосираи дарёии навори Ғаззаро рахна кунад, иҷборан ба бандари Ашдод дар ҷануби Исроил бурданд. Мақомоти Исроил ба киштии “Ирэн” пойин шудани нерӯҳои низомиро таъйид карданд. Игал Палмор, сухангӯи вазорати умури хориҷии Исроил, ба хабаргузории Рейтер дар Байтулмуқадас гуфт, ки "сафинаи “Ирэн” сӯи Ғаза шино мекард. Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Исроил тавассути радио бо сафина дар тамос шуданд ва ҳушдор доданд, ки муҳосираи байнулмилалиро набояд рахна кард. Вақте, ки сафина ин ҳушдорро нодида гирифт, ӯро ба соҳилҳои Исроил интиқол доданд. Ягон амали хушунатомез содир нашудааст ва ягон бархурд сурат нагирифтааст".
Сарнишинҳои “Ирэн” 7 узви фаъоли гурӯҳи “Яҳудиён барои адолат дар Фаластин” аз Исроил, ИМА ва кишварҳои аврупоӣ буданд ва сафина зери парчами Бритониё шино мекард.
Моҳи май низомиёни исроилӣ аз ҳамин гуна талоши рахна муҳосираи дарёии навори Ғазза ҷилавгирӣ карданд. Дар бархӯрд дар саҳни киштии ҳомили кӯмаки башарӣ барои Ғазза 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG