Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се корманди полис дар шимоли Ироқ


Шоми дирӯз бар асари таркиш ва ҳамлаи мусаллаҳона дар ду шаҳри шимолии Ироқ се корманди полис кушта шуданд. Ба иттилоъи полис, дар канори як тарабхонаи серодам дар шаҳри Тармия мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд. Дар ин ҳодиса ду корманди полис ба ҳалокат расидаанд ва ҳашт сокини маҳаллӣ захм бардоштанд. Дар шаҳри Саммара бошад, афроди мусаллаҳи ношинос вориди манзили як корманди полис шуда, ӯро ҳадафи тир қарор доданд.
XS
SM
MD
LG