Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митчел барои наҷоти музокироти сулҳ талош хоҳад кард


Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Ховари Миёна, ба хотири наҷоти гуфтушуниди мустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластин вориди минтақа шуд. Қарор аст, ки ӯ имрӯз бо вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ва сарвазири кишвар Бенямин Нетаняҳу дидору гуфтугӯ кунад. Сипас Ҷорҷ Митчел бо раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос музокирот анҷом хоҳад дод.
Филипп Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА гуфт, ки Метчел дар арафаи нишасти раҳбарони Лигаи кишварҳои араб бо ҳарду ҷониб машваратҳои густарда доир мекунад. Дар ин нишаст, ки қарор аст рӯзи 4 октябр дар Қоҳира баргузор шавад, Маҳмуд Аббос тасмими худ дар бораи идома додан ё надодани музокирот бо Бенямин Нетаняҳуро эълон хоҳад кард.
Ду рӯз пеш мӯҳлати мораторий барои бунёди манозил дар қаламрави ишғолии Каронаи бохтарии рӯди Урдун поён ёфт. Ҳукумати Исроил талабҳо барои тамдиди мораторийро рад намуд.
Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, аз ин пеш эълом дошт, ки дар сурати аз сар гирифта шудани шаҳраксозӣ барои яҳудиҳо дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун музокироти мустақим бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG