Пайвандҳои дастрасӣ

Волидони Фирдавс Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки яке аз гумонбарон дар таркиши бинои Раёсати ҷиноёти созмонёфтаи корҳои дохилии вилояти Суғд эълон шудааст, мегӯянд, ӯ то замони боздоштшавӣ ба тиҷорат машғул буд ва ба Ҳаракати исломии Узбакистон рабте надорад.

Ахиран дар як навори видеоӣ, ки телевизиони давлатӣ бар асоси маълумоти Кумитаи амният таҳия ва пахш намудааст, Фирдавс Каримов - сокини 18-солаи шаҳри Хуҷанд яке аз гумонбарони таркиши бинои Раёсати ҷиноёти созмонёфтаи корҳои дохилии вилояти Суғд эълон шудааст.

Дар ин навор Фирдавс дар бораи амали худ нақл карда мегӯяд, ба бародараш Акмал Каримов, ки дар дохили мошин дар бинои Раёсати умури дохилаи Суғд таркидааст, кӯмак кардааст.

Вақте, мо ба манзили волидони Акмал ва Фирдавс рафтем, Қурбон Каримов – падари хонавода моро пешвоз гирифт. Ӯ мегӯяд, чанд сол қабл писараш Акмалро барои кирдорҳои зишташ аз хона ронда буд ва то ҳол ӯро надидааст.



Қурбон Каримов мегӯяд, то ҳол ҷасади писараш Акмалро надидааст, зеро ҷасади ӯ баъди таркиш ғайри қобили ташхис будааст.

Ӯ дар бораи фазанди дуввумаш Фирдавс, ки дар ҳодисаи таркиш гунаҳкор дониста мешавад, гуфт, ки фарзандаш ҳеҷ робитае ба гурӯҳҳои тундгаро надошт ва солҳои ахир дар бозор машғули тиҷорат буд:

«Ба робита доштани писарам Фирдавс бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бовар надорам. Ӯ то замони боздошт шуданаш дар бозор кор мекард. Фирдавс ягона писарам буд, ки баъди вафоти модараш ба тиҷорат машғул буд ва барои хонавода кӯмак мерасонд. Аз мусибати рӯхдода бар сари фарзандам сахт нигарон ҳастам”.

Дар навори телевизиони давлатӣ мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ки Акмал ва ҳамдастони ӯ аз соли 2009 инҷониб бо ҷурми узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон таҳти пайгард қарор доштааст. Бино ба иттилои мақомот, Акмал Каримов ронандаи мошине будааст, ки рӯзи 3-юми сентябр вориди бинои раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд шуда таркид. Бар асари ин таркиш 4 нафар кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин навор, Фирдавс Каримов дар сохтани маводи тарканда ба бародараш кӯмак кардааст.

Мақомоти амниятии вилояти Суғд мегӯянд, алайҳи гумонбарони ҳамлаи хунин дар Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ин ҳодисаро додситонии вилоят таҳқиқ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG