Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз азми худ ба қатъи ҷанг аломат медиҳанд


Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ҳудуди 20 гурӯҳи хурди чирикиҳои толиб аз азми худ барои қатъи ҷанг ба НАТО аломат додаанд. Петреус гуфт, НАТО аз талошҳои раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҷиҳати шурӯъи музокирот бо Толибон пуштибонӣ ва дар ин роҳ баъзан кӯмак ҳам кардааст. Карзай имрӯз Толибонро бори дигар ба сӯи сулҳ даъват кард. Кобул, ҳамин тавр, имрӯз рӯйхати ҳудуди 70 узви Шӯрои олии сулҳро, ки ба манзури пешбурди музокирот бо Толибон таъсис ёфтааст, эълон кард. Ба гуфтаи мақомот, тамоми тамосҳои оянда байни давлат ва Толибон тавассути ҳамин Шӯро сурат хоҳад гирифт. Шӯрои олии сулҳ аз ҷумла раҳбарони ҷиҳодӣ, толибҳои собиқ ва намояндагони гурӯҳҳои қавмиро дар бар мегирад. Раисиҷумҳури собиқ Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳони пешин Сайёф ва Муҳаққиқ низ узви ин Шӯроянд. Давлатҳои Ғарб барои мусоидат ба раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон як сандуқи иборат аз 200 миллион доллар ташкил додаанд.
XS
SM
MD
LG