Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фоҷиа дар хонаводаи як зани тоҷикистонӣ дар Тел-Авив


Субҳи имрӯз як зан дар шаҳри Тел-Авиви Исроил ду кӯдаки худро аз ошёнаи чорум ба берун андохта, ба дунбол даст ба ҷони худ задааст. Бино ба хабарҳо, вазъи сиҳҳати ин зани 38-сола ва писари 5-солаи ӯ вахим буда, духтари 4-солааш аммо ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Хабаргузориҳои исроилӣ мегӯянд, ин зан дар вақташ аз Тоҷикистон ба Исроил омада, ба як муҳоҷири украинӣ издивоҷ кардааст. Ҷудоӣ аз ин мард иллати фоҷиаи субҳи имрӯз дар Тел-Авив ном бурда мешавад.
Мақомоти Исроил шавҳари занро тавассути сафорат дар Украина пайдо кардаанд ва қарор аст, ӯ фардо баргардад.
XS
SM
MD
LG