Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати садҳо нафар бар асари ярч дар Мексика


Имрӯз бар асари ҳамлаи ярч дар ҷанубуғарби Мексика ҳудуди 300 манзил зери хок монда, мақомот тарси онро доранд, ки ин офат садҳо нафарро дар айни хоб ҳалок кардааст.Волии Оксака гуфт, шумори қурбониён метавонад то ба 1000 нафар бирасад.
Боришоти шадид дар кӯҳистони аёлати Оксака бистари хоки атрофи шаҳри Санта Мария Тлаҳутолтепек, воқеъ дар фосилаи 4 соат роҳ аз маркази аёлатро суст кардааст.
Мақомот мегӯянд, боришот роҳҳои минтақаро низ мушкилгузар сохта, монеъи зуд ба маҳалли офат расидани гурӯҳҳои наҷотбахш шудааст.
XS
SM
MD
LG