Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ба содироти бензин шурӯъ кардааст


Вазорати нафти Эрон гуфт, ки Эрон ба содироти бензин оғоз кардааст. Ин дар ҳолест, ки Эрон бо вуҷуди захоири саршори нафти хом ба маҳзи имконоти маҳдуди тасфияи он то кунун вобастаи воридоти бензин буд. Алиасғар Аршӣ, намояндаи ширкати миллии нафти Эрон гуфтааст, нахустин киштии ҳомили бензини фаровардаи Эрон ба хориҷ содир шуд.
Эрон, ки аз лиҳози содироти нафти хом дар ҷаҳон панҷум аст, 40 дарсади ниёзмандиаш ба бензинро то ҳол аз ҳисоби воридот баровард мекард. Мақомоти Эрон дар моҳи ҷорӣ эълон карданд, ки алакай аз лиҳози таъмини бензин худкифо шудаанд. Аммо тоҷирони хориҷӣ ба дурустии ин иддао шакк доранд.
XS
SM
MD
LG