Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Қазоқистон бе медал


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи дзю-до байни мардон барои ҷавоизи раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳон ба шумор мерафт, ширкат варзиданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Алматӣ бо иштироки варзишгарони 15 кишвар баргузор шуд, гуштигирони тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд.

Мусобиқа дар 7 вазн сурат гирифт. Дар се вазн паҳлавонони Русия, дар ду вазн гуштигирони Қазоқистон ва дар ду вазни дигар намояндагони Муғулистону Узбакистон ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа:

Вазни то 60 кг
1. Ганбат Болдбаатар (Муғулистон)
2. Евгений Кузяков (Русия)
3. Дархан Сержанов (Қазоқистон), Габит Есембеков (Узбакистон)
Вазни то 66 кг
1. Хан Магомедов (Русия)
2. Араш Мирисмоил (Эрон)
3. Сергей Лим (Қазоқистон), Дастан Икибоев (Қазоқистон)
Вазни то 73 кг
1. Наврӯз Ҷӯрақобилов (Узбакистон)
2. Ринат Иброҳимов (Қазоқистон)
3. Вон Ҷон Ким (Кореяи Ҷанубӣ), Мурод Хоҷонов (Русия)
Вазни то 81 кг
1. Мурод Хабачиров (Русия)
2. Ҷей Бун Ким (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Арсен Пшмаков (Русия), Фармон Кобулов (Узбакистон)
Вазни то 90 кг
1. Темур Болат (Қазоқистон)
2. Дилшод Чориев (Узбакистон)
3. Хуршед Набиев (Узбакистон), Хунҷао Ченг (Чин)
Вазни то 100 кг
1. Максим Раков (Қазоқистон)
2. Уткир Қурбонов (Узбакистон)
3. Сергей Самойлович (Русия), Роман Полосин (Русия)
Вазни беш аз 100 кг
1. Ренат Саидов (Русия)
2. Сунг Мин Тин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Улан Рисқул (Қазоқистон), Минбат Хатбаатар (Муғулистон).

Маҳмуди Абдуллоҳ, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа, инчунин, гуштигирон барои имтиёзҳои Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза бурданд. Аз ҳафт гуштигири тоҷик танҳо ду нафар – Саидҷалол Саидов дар вазни то 73 килограмм ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 килограмм, ки ҷойҳои панҷумро касб карданд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Вале дар ин мусобиқа паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба иллати беморӣ иштирок накард».
XS
SM
MD
LG